Дар Мастчоҳ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аҳли зиё, имомхатибон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва ҷараёни салафия дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ, мураккаб гардидани авзои сиёсии минтақа, пос доштани арзишҳои миллию маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ — сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан амри зарурӣ мебошад.
Яке аз падидаҳои асосие, ки имрӯз сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мегардад, ин шабакаҳои интернетии гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад.
Ташкилоти террористиву экстремистӣ бо суиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ дар ҷараёни таълимоти худ онҳоро нисбат ба гузаштагони худ дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу одати миллии мо тарбият намуда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташкилоти террористиву экстремистӣ имрӯз ҷавонони фаъолу донишмандро ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба доми худ афканда, мехоҳанд тавассути онҳо сафу пайравони худро дар мамлакат аз ҳисоби ҷавонон зиёд намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Бинобар ин, аз аҳли зиё, омӯзгорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо даъват шуд, ки нисбат ба фарзандон, хусусан фарзандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ таҳсил ва ё кору зиндагӣ мекунанд, бепарвоӣ зоҳир накунанд ва пайваста бо онҳо дар тамос шуда, нагузоранд фарзандонашон ақидаҳои ифротгароии гурӯҳҳои тундравро пайравӣ намоянд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






