Дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдараи ноҳияи Рашт истироҳатгоҳҳои муосир бунёд мегардад

Август 29, 2023 13:53

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бунёди 3 меҳмонхона, дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кӯли калони деҳоти «Аскалон» истироҳатгоҳҳои муосир ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аллакай оғоз гардидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.

Ноҳияи Рашт дорои захираҳои бой ва табиати зебо буда, дар он имконияти рушди сайёҳии экологӣ, агросайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, гардишгарӣ, аспсаворӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас фароҳам мебошад.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳия 10 хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монда шуда, тавассути сомонаҳои интернетӣ муаррифӣ мешаванд. Дар нимсолаи аввали соли равон ба ноҳияи Рашт 2053 нафар сайёҳ, аз ҷумла 1890 нафар сайёҳи дохилӣ ва 163 нафар сайёҳи хориҷӣ ворид гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти шароиту имконияти мавҷуда дар ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия се меҳмонхона ва як ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шудааст, ки ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ноҳия сохт­мони 20 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта, аз ин шумора то имрӯз сохтмони 15 истгоҳ ба анҷом расидааст.

Дар заминаи истгоҳҳои мазкур нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ва гӯшаҳои деҳқон пешбинӣ гардидаанд.

Феълан дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, як боғи ботаникӣ- фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 15 ҳомстей (меҳмонхонаҳои хурд), 3 тарабхона, 20 ошхона, 14 нуқтаи хӯроки тезтайёр, маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳия фаъолият дорад.

АКС: манбаъҳои боз

Август 29, 2023 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд