Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд
Ш.ШОҲИН, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 413 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки 230 нафарашон занон мебошанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳия Розиямо Набиева иттилоъ дод.
Дар ин давра шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз рӯи самтҳои асосӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, таъйин ва пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ ва ҳифзи меҳнат фаъолияти назаррас намудааст.
Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шашмоҳаи якум 624 шаҳрванд муроҷиат намуда, ба 482 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд ва ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуданд. Онҳо марҳила ба марҳила бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ба ҳайси яке аз чорабиниҳои фаъоли мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад. То ин муддат аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 11 ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки дар онҳо 8 корхонаю муассиса иштирок ва ба корҷӯён 110 ҷойи кор пешниҳод намуданд.
Дар натиҷа 77 шаҳрванд бо ҷои кор таъмин шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд






