Дар шаҳри Душанбе беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ муайян мешавад

Август 31, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» дар соли 2023 идома дорад. Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолиби озмун бо ҳолати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ ва 56-и ноҳияи Сино ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии №63, 72-ноҳияи Фирдавсӣ, №1-и ноҳияи Шоҳмансур ва 112-и ноҳияи Сино шинос шуд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмуни мазкур тӯли 5 сол аст, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳадаф аз он ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар самти тарғибу ташвиқ намудани корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Дар айни замон ин озмун дар шаҳр идома дорад. Ҳайати комиссия, ки дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, пурра ба фаъолияти муассисаҳо дар самти корҳои ободонӣ баҳо мегузорад.

Бояд гуфт, ки озмун дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имконият, ташаббус ва эҷодкории озодона, нигоҳ доштани урфу андешаҳои миллӣ, тарғиби таъриху тамаддуни тоҷикон гузаронида мешавад.

Дар асоси Низомномаи озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти ободонӣ» дар соли 2023 нишондиҳандаҳо барои муайян намудани беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ,  вазъи кунунии муассисаи таълимӣ, ҳолати биноҳо, иншоот, сабзазоркунии атроф ва роҳраву ҳавлӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ барои ободкории муассисаи таълимӣ, муҳити зист ва экология бо дарназардошти намуди кӯчаву роҳравҳо, ободонӣ, рангубор, сафед кардани бино ва дигар иншооти муассисаи таълимӣ, насби таҷҳизоти равшанидиҳандаи ороишӣ, инчунин сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ ва фазои сабзиши онҳо ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ ба назар гирифта мешавад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 31, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд