Дар шаҳри Хоруғ корхонаи протезӣ -ортопедӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ филиали Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи корхона роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир барои шахсони эҳтиёҷманди вилоят маводи протезию ортопедӣ дар шаҳри Душанбе фармоиш дода мешуд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи мазкур мушкилоти ҷойдошта дар ин самт аз байн бардошта шуд.
Корхона бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, мувофиқи имконият узвҳои сунъии ҳаракат истеҳсол менамояд.
Бинои корхона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид.
Таъмиру навсозии филиали Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе дар шаҳри Хоруғ моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида, 12 утоқи корӣ, аз ҷумла утоқҳои физиотерапия, протезбарорӣ, пойафзолбарорӣ, андозагирӣ ва гачгирӣ дар дохили бино ҷой дода шудаанд. Ҳоло дар корхона 12 нафар мутахассисону кормандон фаъолият намуда истодаанд.
Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 7 ҳазор шахсони дорои имконияти маҳдуд сабт шуда, 110 нафар бо протез ва 70 нафар бо артез ҳаёт ба сар мебаранд. Аллакай 9 нафар аз сокинони вилоят аз узвҳои ҳаракати сунъии истеҳсоли корхона бархӯрдор гардиданд.
Барои тавсеаи фаъолияти минбаъдаи корхона 2 нафар мутахассис аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, 2 нафари дигар ба шаҳри Ханойи Чин барои такмили ихтисос равона шуданд.
Зимни суҳбат масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳибкасб ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхона ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Бояд гуфт, ки хизматрасонӣ дар корхона барои маъюбон ба таври ройгон пешниҳод гардида, зимни кӯҳна шудани узвҳои сунъӣ шахси эҳтиёҷманд метавонад бе масрафи маблағи иловагӣ онро барқарор намояд.
Барои хизматрасонӣ ба маъюбоне, ки имконияти омадан ба филиалро надоранд, нақлиёти махсус ба таври ройгон ихтисос дода шудааст.
Чунин раванди кор сарфи барзиёди вақти ниёзмандонро берун аз вилоят бобати дастрасӣ ба узвҳои сунъӣ аз байн бардошта, хизматрасонии босифатро дар маҳалли зисташон кафолат медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд






