Дар таътили тобистона хонандагони вилояти Хатлон ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд

Август 20, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба касбу ҳунар соли равон аз ҷониби Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон беш аз 40 маҳфили ҳунаромӯзӣ гузаронида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Зимни он баҳри ҷалби кӯдакону наврасон ба ҳунари кандакорӣ аъзои маҳфил аз ҳунармандони моҳиру ботаҷриба ва муваффақи вилоят нозукиҳои касбу ҳунарҳоро аз худ менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки маҳфилҳои гуногуни Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон дар давраи таътили тобистона кӯдакону наврасонро ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсули дасти аъзои маҳфил дар намоишҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳамеша баҳои баландро соҳиб мегардад.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Август 20, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад