Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ду коллеҷ таъсис додааст

Август 5, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз таъсиси ду коллеҷ дар минтақаҳои шимолу ҷануби Тоҷикистон -вилоятҳои Суғду Хатлон хабар дод.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 4 август зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод, ки Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри шаҳри Хуҷанд бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шуданд.

Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант нахустин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи саноати ҷумҳурӣ буда, бо ҳадафи ноил гардидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат, инчунин иҷрои нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026) таъсис дода шудааст.

Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар вилояти Суғд бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъсис доа шудааст.

Таъсиси ин коллеҷҳо дар шаҳрҳои Левакант ва Хуҷанд ва филиалҳо дар сохтори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон имкон медиҳад, ки донишгоҳ мутахассисонро дар чорчӯбаи талаботи таҳсилоти бисёрзинагӣ, яъне таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ омода ва пешниҳоди бозори меҳнат намояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад