«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд

Август 17, 2023 09:53

ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар он 458 нафар довталабон аз ноҳияҳои минтақа иштирок намуда, байни ҳам маҳорат меозмоянд, иттилоъ медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Қабл аз ифтитоҳ масъулини вилояти Хатлон ва дигар мутасаддиёни озмун ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият хоста, аз ҳакамон шаффофияту масъулиятшиносӣ тақозо намуданд.

Масъулин аз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба китобу китобхонӣ ёдовар шуда, имтиёзҳои дар ин самт созмондодаро махсус таъкид доштанд.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи шаш номинатсия- адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти классикии тоҷик ва эҷоди назму наср гузаронида мешавад, ки номинатсияи шашум яке аз навгониву бартарияти озмуни имсола номида шуд.

Масъулин сол то сол боло рафтани теъдоди иштирокдорони озмунро дар гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба завқи баланду майли томи сокинону хонандагони муассисаҳои таълимӣ нисбат ба китобу китобхонӣ рабт доданд.

Тавре корманди Раёсати маорифи вилояти Хатлон иброз дошт,  довталабони вилояти Хатлон чун соли гузашта дар сафи пеш истода, имсол низ кӯшиш менамоянд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолиб шаванд.

Озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муқоиса ба солҳои пешин фарқияти зиёд дорад, аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар ду зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин тибқи имтиёзҳои озмуни имсола, ғолибони даври чоруми озмун, ки мақоми як, ду, серо гирифтаанд ё барандаи Шоҳҷоиза шудаанд, ба ихтисоси интихобкардаашон ба муҳлати то се сол бе озмун ва тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии баъдидипломӣ қабул мешаванд.

        АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2023 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад