«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Рӯзҳои наздик бо иштироки 3506 нафар довталабон даври сеюми озмун доир мешавад

Август 5, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 05.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он 3506 нафар довталабон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, байни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар, аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1482 нафар, шаҳри Душанбе- 4904 нафар, вилояти Суғд- 19042 нафар, вилояти Хатлон- 11186 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10437 иштирок намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 9192 нафар зиёд аст. Аз шумораи умумии довталабон 3506 нафар, аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 278 нафар, шаҳри Душанбе- 405 нафар, вилояти Суғд- 1146 нафар, вилояти Хатлон- 1170 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 507 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд

Озмун соли панҷум аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид, ки ба Низомномаи он якчанд тағйиру навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ мешаванд.

Тибқи Амри Президенти Тоҷикистон, вобаста ба тағйироти воридгардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмуъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дод.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Пагоҳ дар Душанбе намоиши сенздаҳуми байналмилалӣ оғоз мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»
Имрӯз дар Фестивали «Оши палов» намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода карда шуданд
СЕБҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ТАМЪИ ЛАЗИЗАШОН МАШҲУРАНД. Дар Душанбе Иди себ ва ангур таҷлил гардид
Дар Душанбе Иди Меҳргон ба таври тантанавӣ таҷлил гардид
Имрӯз ҷашни Меҳргон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ оғоз мегардад
Даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» баргузор мегардад
Сокинони ноҳияи Муъминобод соҳиби туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
МЕҲРГОН ОМАД, МУБОРАК, МЕҲРГОН ОМАД! Пагоҳ дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
Коргардон Аҳмад Аминӣ: «Эрониҳо Тоҷикистонро дӯст медоранду орзуи тамошои манзараҳои нотакрори онро доранд»
Феҳристи муштараки шоҳкориҳо ва бозёфтҳои нодири осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нашр мегардад