Гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 1,7 маротиба зиёд шудааст

Август 4, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 04.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 август вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Йошикава Юмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 маротиба зиёд шудааст. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон соли 2022  108,5 млн долларро ташкил дода буд.

Дар вохӯрӣ ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV) ба имзо расиданд. Дар доираи ин санад Ҷопон барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷриба, ба монанди табибон, муҳандисон, технологҳо, барномасозон, дизайнерҳоро ба таври ройгон ҷалб менамояд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба байни ду давлат, аз ҷумла зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Ҷопон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ва таъсиси марказҳои логистикиро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки 2500 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии (JICA) Ҷопон ва 100 нафар хизматчиёни давлатӣ дар доираи лоиҳаи грантии “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” дар Ҷопон таҳсил намуданд.

Инчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷониби Ҷопон омодагии худро дар ин самт баён намуд.

Илова бар ин ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» ва «Иқтисоди рақамӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 4, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд