Хадамоти обу ҳавои Пекин боронҳои сели гузаштаро пурқувваттарин офати табиӣ дар 140 соли охир номид

Август 3, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти обуҳавошиносии Пекин селу обхезиҳоеро, ки чанд рӯзи охир дар пойтахти Чин ба амал омада буданд, пурқувваттарин офати табиӣ дар 140 соли охир номид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС хабар додааст.

Идораи обуҳавошиносӣ муайян намуд, ки омори чунин ҳодисаҳои табиӣ, ба монанди боронҳои сел, дар Чин аз замонҳои қадим идома дорад, вале сабтҳо маълумоти дақиқ надоранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Пекин бар асари обхезӣ, ки дар натиҷаи бориши шадид ба амал омада буд, 11 нафар ҳалок ва 27 нафари дигар бедарак шудаанд. Мақомот даҳҳо ҳазор сокинонро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 3, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид