«ХАТ ҒАЛАТ, ИМЛО ҒАЛАТ, ИНШО ҒАЛАТ, МАЪНО ҒАЛАТ». Кумитаи забон 197 маводи соҳибкорони инфиродӣ ва шиору овезаҳоро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо шиору овезаҳои зиёде насб мешаванд, ки бисёре аз онҳо ғалат навишта шудаанд ё ба талаботу қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд. Барои аз байн бурдани ин ғалатнависӣ Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбирҳо меандешад? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи забон ва ислоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода чунин посух дод:
«Кумита дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту идораҳо 197 маводи ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои истеҳсолкунандаи рекламаро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро мувофиқа намуд. Дар натиҷа шиору овезаҳои ғайримеъёриву пур аз ғалати имлоӣ барканда шуда, ҳамчунин нисбат ба соҳибкорони инфиродии ташкилоту марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо ҷиҳати ғайримеъёрӣ будани номгузориҳо огоҳӣ ва санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар доираи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе», намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хадамоту мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба назорати матни шиору овезаҳо, навиштаҷоти ғалату бегона ва номгузориҳои ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонию нуқтаҳои савдо аз ҷониби гурӯҳи корӣ назорати санҷишӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати ислоҳи ин камбудиҳо дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳо таҳия ва тасдиқ шуд, ки тибқи он корҳо дар ин самт амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлату миллат пайваста кӯшиш шуда, назорат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷиддӣ амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2022 дар Донишкадаи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чунин таъкид намуданд: «Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст… Аз ин рӯ, беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад».
Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, ҳар фарди соҳибзабон бо ҳисси амиқи масъулиятшиносӣ ва дарку эҳсоси баланди ҳувияти миллӣ дар татбиқи амалии ин дастури Сарвари давлат ва муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд худро вазифадор ҳисобад. Танҳо бо ин роҳ солҳои наздик мо метавонем камбудиҳои ҷойдошта дар ин самтро якҷоя бартараф созем.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид






