ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ ба беморон хизмат мерасонад
ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 август- Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон. Дар ин робита имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки кормандони ин соҳа барномаи фарҳангӣ доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро чун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Зеро 1041 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Дар робита ба зодрӯзи ин алломаи Шарқ ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамоишу конференсия ва чорабиниҳои мухталиф гузаронида мешаванд.
Ҳамасола субҳи 18 август дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар пояи пайкараи аллома, ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ доир мегардад. Табибон дар ин рӯз аз хизматҳои бузурги аллома дар самти тиб ёдовар шуда, фаъолияти ӯро шоистаи таҳсин мехонанд.
Бояд гуфт, ки давлату Ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои рушди соҳа ва сиҳатии мардум шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Зеро саломатӣ асоси некӯаҳволии инсон, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «солимии ҷомеа боигарии давлат аст».
Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, «агар ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат назар афканем, баръало аён мегардад, ки кулли пешрафт ва муваффақияти соҳа баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд».
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз намудаанд, «дар давлати соҳибистиқлоли мо саломатии мардум бойигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст».
Ҳамин аст, ки нишондиҳандаи асосии соҳа ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи тандурустии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,3 сол расид. Ҳол он ки соли 1990 ин нишондиҳанда ба 70,1 сол баробар буд.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар мамлакат бамаротиб зиёд гардид.
«Дар ин давра бунёд ва ба истифода додани садҳо биноҳои хуштарҳу замонавии тандурустӣ худ далели раднопазири он аст, ки воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳз дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври комил таъмин гардид», -иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ба гуфтаи мавсуф, агар дар мамлакат то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият менамуд, ҳоло шумораи онҳо ба 5116 адад расидааст. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар айни замон дар мамлакат Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад.
«Танҳо дар 6 моҳи соли 2023 бо мақсади беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори муассисаҳо аз тамоми сарчашмаҳо 36 муассиса ба истифода дода шуда, сохтмони 122 иншооти дигар идома дорад. Инчунин дар ин давра 118 муассиса аз таъмир бароварда шуда, таъмири 137 муассисаи дигар идома дорад», -гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин дар ин давра бо мақсади дарёфти саривақтӣ ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ аз тарафи кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҳамарӯза гардишҳои ҳавлигӣ гузаронида шуда, то 20-25% аҳолии мамлакат ба он фаро гирифта мешавад. Омили мазкур ба назорати пайвастаи диспансерии беморони гирифтори бемориҳои музмин ва маъюбони гурӯҳҳои гуногун мусоидат намуда истодааст.
Бояд гуфт, ки бо ҷалби сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ пайваста «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ВМКБ равона гардида, ба аҳолии ин минтақаҳо табобати ройгон расонида мешавад. Ҳамчунин дар баробари ташхису муоина ва тавсияҳои зарурӣ мутахассисон дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд.
Имсол зимни таҷлили Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷамъомаду вохӯриҳо гузаронида шуда, мутахассисони соҳа бо мукофоту ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Зеро табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад. Тавре файласуф Гиппократ гуфтааст: «Табибе, ки барои дармон ба сари болини бемор меояд, мисли диловаре аст, ки ба майдони корзор ворид мешавад».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»