ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ КИТОБДӮСТДОРОН. Имсол дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қариб 50 ҳазор нафар иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9-уми август-Рӯзи умумиҷаҳонии китобдӯстдорон (Book Lovers Day). Онро дар мамлакатҳои дунё адибону нависандагон, ноширону китобфурӯшон ва хонандагону ҳаводорони китоб ид менамоянд.
Бояд гуфт, ки дар давоми 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки бевосита таҳти сарпарастии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир гардида истодааст.
Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ бедор намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои дигар давлатҳо қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз зиёд шудани шумораи китобдӯстдорон дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Озмуни мазкур аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр доир шуда, ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Вазири маориф ва илм, озмуни мазкур исбот намуд, ки сол то сол шумораи ҳаводорони китоб дар мамлакат зиёд шуда, бахусус кӯдакону наврасон ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси соҳаи китобдорӣ, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи МирзоТурсунзода Зафари Шариф иброз дошт, дарвоқеъ имрӯз таваҷҷуҳи насли наврас ба китоб зиёд шуда, завқу кунҷковии онҳо низ нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шудааст.
«Хонандаи имрӯз мисли хонандаи солҳои пеш нест. Хонандае ҳаст, ки ба ҳама чиз эрод мегирад. Ҳам ба муоширату дониши китобдор ва ҳам ба муаллифи китоб. Барои қонеъ намудани талаби хонандаи имрӯза бояд китобҳое нашр ва тавсия шаванд, ки дар баланд гардидани завқ ва тарбияи онҳо дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ нақши муҳим бозида тавонанд», -иброз дошт мутахассиси соҳа.
Тибқи таҳлили коршиносони соҳа, хонандаи имрӯзи китобхона бештар ташнаи адабиёти соҳавӣ ва ҳам адабиёти бадеӣ мебошад.
Мутахассис тавсия медиҳад, ки адибоне, ки ба арсаи адабиёти бадеӣ қадам мондаанд, асарҳои хубу замонавӣ офаранд, чунки ташаккули шахсияти ояндаи ҷомеа аз овони хурдсоливу наврасӣ оғоз мешавад. Барои кӯдакону наврасон бояд китобҳое нашр шаванд, ки сифати хуби полиграфӣ ва ороишӣ дошта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки китобҳо, махсусан асарҳои хубу арзишманд хазинаи бузурги мероси гаронбаҳои гузашта ва сарвати адонашавандаи миллат буда, наврасону ҷавононро бо таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон шинос менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон доир ба мақому манзалати китоб дар сарнавишти инсон изҳор намудаанд, ки «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ менамояд».
Иқдоми дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти китобхон намудани наврасону ҷавонон то оғози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пеш гирифта буданд — ин аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонидани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ҳадя намудани он ба сокинон аз номи Роҳбари давлат буд, ки мояи ифтихор ва васфи махсус мебошад.
Набояд фаромӯш созем, ки мояи бузургии инсон, пеш аз ҳама, тавассути мутолиаи бештари китобу аз бар намудани донишҳои гуногуни судовар баҳо гузошта мешавад. Ҳамин аст, ки шумораи дӯстдорони китоб дар мамлакат рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид






