ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Вобаста ба он 100 волонтёр байни аҳолии Душанбе аксияҳои тарғиботӣ мегузаронанд

Август 8, 2023 19:10

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби 100 нафар волонтёрону фаъолони ботаҷрибаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва аксияҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе вобаста ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Гурӯҳи мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар якҷоягӣ бо намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» ва волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» байни аҳолии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Волонтёрон муваззаф шудаанд, ки бо одоби баланд ва рафтори намунавӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо тақсим намудани буклетҳо ва фаҳмондадиҳии шифоҳӣ дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботиро пурзӯр намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки  ин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ бо  иштироки васеи волонтёрон дар дигар вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам баргузор мегарданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 8, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2499 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1094 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2523 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1098 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2465 сомонӣ муқаррар шудааст