ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Минбаъд маблағи барқ, андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва маблағҳои ҳатмии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ қабул карда мешавад

Август 19, 2023 13:40

ҲИСОР, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор ба воситаи  18 маркази хизматрасонии бонкӣ, 3 нуқтаи хизматрасонӣ дар бинои Шабакаҳои барқ, Нозироти андоз ва бинои БДА  дар шаҳри Ҳисор, 30 POS-терминал дар  марказҳои савдо ва беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо  ба сокинон хизмат мерасонад. Бонки мазкур ба зиёда аз 47 601 мизоҷ тариқи кортҳои пардохтӣ хизмат мерасонад, ки аз ин шумора 7200 адади он корти фарогир мебошад. Дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба шаҳрвандоне, ки кортҳои пардохтӣ доранд, тавассути замимаи барномаи «Амонатмобайл», барномаи «Фронт-офис» ва барномаи «Интернетбонк» хизмат расонида мешавад.

Мудири филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор  Султонмурод Назарзода  ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, ки «ҷиҳати  иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз ҷониби кормандони «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор дар ҳафт моҳи соли равон  дар байни аҳолии деҳот бо кормандони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва корхонаву идораҳои шаҳри Ҳисор  корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуданд. Мақсад аз баргузории вохӯриҳо-  баланд бардоштани маърифати молиявии  аҳолии шаҳраку деҳот, мутахассисону кормандони ташкилоту идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад».

Шаҳрвандоне, ки корти фарогир надоранд, мутахассисони бонк онҳоро мувофиқи хоҳишашон бо корти бонкӣ таъмин намуда истодаанд.

Ҳамин аст, ки дар шаш моҳи соли 2023  дар филиали №10 «Амонатбонк»-и шаҳри Ҳисор зиёда аз 26 миллиону 540 ҳазору 237  сомонӣ пардохтҳо  тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шудаанд.

Ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  Филиали КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар  шаҳри Ҳисор  тамоми маблағҳои барқ, андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва маблағҳои ҳатмии давлатиро пурра тавассути ғайринақдӣ қабул намуда истодааст.

АКС аз бойгонӣ

Август 19, 2023 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2404 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1085 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2000 то 10.5553 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2499 сомонӣ муқаррар шудааст