Кишоварзону ҳунармандони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба сокинони Душанбе армуғони шоиста пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» намоиш фурӯши маҳулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинони пойтахт ба қаноатмандӣ ва хушҳолӣ пазируфта шуд, — хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории чорабинӣ.
Тибқи нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ин навбат кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои сокинони шаҳри Душанбе маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон ва сифати хуб пешниҳод карданд.
Сардори Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Хӯҷамурод Сатторов зимни суҳбат изҳор кард, ки «имсол барои кишоварзони ноҳия соли бобарор омад. Деҳқонону кишоварзони ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи сеюми стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ҷидду ҷаҳд намуда, дар майдони 15 ҳазору 681 гектар зироат, аз он ҷумла ғалладонагиҳо, зироати техникӣ, полезӣ, сабзавот кишт карда, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Бинобар гирифтани ҳосили фаровон кишоварзони ноҳия бо қаноатмандӣ дар даҳ мошин намунаи зироати полезӣ — тарбуза, харбуза, сабзавот — помидор, бодиринг, донагиҳо — мош, лубиё, нахуд, каду ва дигар маҳсулотро бо сифати хуб ва нархи аз бозор арзон пешкаши сокинони пойтахт карданд».
Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин дар саҳни Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ: нон ва кулчаҳои гуногун, пухтупазҳои хонагӣ, кулчақандҳо, ҷўробҳои бадахшонӣ, гулдӯзиҳо, шерозаҳо, сандуқҳо ва гаҳвораҳо баргузор гардид. Дар намоиши мазкур варзишгарони ноҳия иштирок карда, ба сокинону меҳмонон оид ба дастовардҳои варзишгарони ноҳия маълумот пешниҳод карданд ва футболбозони наврас маҳорати тӯбронӣ нишон доданд.
Шоми имрӯз дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки санъаткорони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун ва Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон, Дӯстӣ, Деваштич, Ванҷ, Левакант, Норак, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Дарвоз ва Бохтар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
А.Сангзода
Т.Саид (АКС)
АМИТ «Ховар»

























«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






