Коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман»-и ноҳияи Мастчоҳ барои 8 муассисаи таълимӣ либоси мактабӣ истеҳсол менамояд

Август 13, 2023 11:50

ДУШАНБЕ, 13.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман» дар асоси фармоиш ва тибқи шартнома бо муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат барои 8 муассисаи таълимӣ  бо фарогирии беш аз 5 ҳазор нафар хонандагон либоси мактабӣ истеҳсол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Роҳбарияти ноҳия зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ барои истеҳсоли босифати либоси мактабӣ ба масъулини коргоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.  Ҳамзамон барои васеъ намудани доираи фаъолият ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои гуногун ба муассиси корхона, ки соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов мебошад, тавсияҳо дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки коргоҳи мазкур 7 июли соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, самти фаъолияти он ба дӯхти либоси миллӣ ва мактабӣ равона гардидааст.

 АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ 

 

Август 13, 2023 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд