КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Ширкати сохтмони роҳи оҳани Чин тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо муовини директори генералии Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Тао дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.
Зимни мулоқот мусоҳибон масъалаи иштирок ва сармоягузории Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар лоиҳаҳои сохтмонии Роҳи оҳани Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи хабари манбаъ, ҳар ду ҷониб барои идомаи самарабахши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи нақлиёти роҳи оҳан изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






