МАОРИФ-ПОЯИ ДАВЛАТ. Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён 76 мутахассиси ҷавон фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат 76 нафар мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон фиристода шуданд, ки ҳоло 70 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.
Дар ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 58 ҳазору 375 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Дар назди 37 муассисаи таълимӣ 41 Маркази инкишофи кӯдак ташкил шудааст, ки дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми мамлакат супориш доданд, ки масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия сатҳу сифати таълим солҳои охир беҳтар гардида, аз натиҷаи чоряки чорум ва солонаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2022 – 2023 бармеояд, ки сифати таҳсил 59,8 фоиз буда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,3 фоизро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи ноҳия мувофиқи матлаб гузаронида шуданд, ки доираи васеи иштирокчиёнро фаро гирифтанд. Маҳз дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 780 нафар иштирок намуда, 55 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Ба квотаи президентӣ аз ноҳия 103 нафар роҳхат гирифта, аз ин 22 нафар соҳиби номи донишҷӯ шуданд.
Инчунин дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 166 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 87 медал зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявӣ хонандагон 51 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ 19 хонанда соҳиби медал гардид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид






