МАОРИФ-ПОЯИ ДАВЛАТ. Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён 76 мутахассиси ҷавон фиристода шуд

Август 27, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 27.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат 76 нафар мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон  фиристода шуданд, ки ҳоло 70 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази  матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.

Дар ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 58 ҳазору 375 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Дар назди 37 муассисаи таълимӣ 41 Маркази инкишофи кӯдак ташкил  шудааст, ки дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ мусоидат менамоянд.

 Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми мамлакат супориш доданд, ки масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия сатҳу сифати таълим солҳои охир беҳтар гардида, аз натиҷаи чоряки чорум ва солонаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2022 – 2023 бармеояд, ки сифати таҳсил 59,8 фоиз буда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,3 фоизро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар сатҳи ноҳия мувофиқи матлаб гузаронида шуданд, ки доираи васеи иштирокчиёнро фаро гирифтанд. Маҳз дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 780 нафар иштирок намуда, 55 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Ба квотаи президентӣ аз ноҳия 103 нафар роҳхат гирифта, аз ин 22 нафар соҳиби номи донишҷӯ шуданд.

Инчунин дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 166 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 87 медал зиёд мебошад. Дар даври ҷумҳуриявӣ хонандагон 51 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ 19 хонанда соҳиби медал гардид.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: Маркази  матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Август 27, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид