МУРҒОБ НЕ, МАРҒОБ! Кумитаи забон ва истилоҳот номи объектҳои ҷуғрофиро ба меъёрҳои номгузории миллӣ мутобиқ менамояд

Август 6, 2023 10:58

ДУШАНБЕ, 06.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки 7695 номи объектҳои ҷуғрофӣ ва 5083 маҳалли аҳолинишинро ба меъёрҳои номгузории миллӣ мутобиқ намояд. Дар ин хусус 3 август  зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Раиси Кумита, дар бисёре аз маҳаллаву ноҳияҳо дар вақти номгузорӣ қоидаҳои имлои забон риоя нашудаанд ва онҳо бояд ба меъёрҳои забони адабӣ мутобиқ шаванд. «Масалан, номи ноҳияи Мурғоб, ки пештар ғалат навишта шуда буд, ислоҳ шуда, барои иваз намудани он номи таърихияш- Марғоб пешниҳод гардид», -гуфт Раиси Кумитаи забон.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии тоҷикӣ ба 398 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд хулосаи дастгирӣ дода шуда, ба 252 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд бинобар мутобиқат накардан ба меъёрҳои забони тоҷикӣ хулосаи рад пешниҳод гардид. Инчунин ба 7 маводи судӣ  хулосаи забоншиносӣ пешниҳод шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд