МУРҒОБ НЕ, МАРҒОБ! Кумитаи забон ва истилоҳот номи объектҳои ҷуғрофиро ба меъёрҳои номгузории миллӣ мутобиқ менамояд
ДУШАНБЕ, 06.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки 7695 номи объектҳои ҷуғрофӣ ва 5083 маҳалли аҳолинишинро ба меъёрҳои номгузории миллӣ мутобиқ намояд. Дар ин хусус 3 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Раиси Кумита, дар бисёре аз маҳаллаву ноҳияҳо дар вақти номгузорӣ қоидаҳои имлои забон риоя нашудаанд ва онҳо бояд ба меъёрҳои забони адабӣ мутобиқ шаванд. «Масалан, номи ноҳияи Мурғоб, ки пештар ғалат навишта шуда буд, ислоҳ шуда, барои иваз намудани он номи таърихияш- Марғоб пешниҳод гардид», -гуфт Раиси Кумитаи забон.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии тоҷикӣ ба 398 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд хулосаи дастгирӣ дода шуда, ба 252 муроҷиаткунанда оид ба номгузории фарзанд бинобар мутобиқат накардан ба меъёрҳои забони тоҷикӣ хулосаи рад пешниҳод гардид. Инчунин ба 7 маводи судӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид






