НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар асоси амрҳои мақомоти прокуратура 12 ҳазору 406 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба санҷиши заминҳои соҳаи маориф, ки дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон 27 апрели соли равон дар ноҳияи Данғара дода буданд, гурӯҳи корӣ таъсис шуд. Ин гурӯҳи корӣ дар 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 174 ҳолати ғайриқонунӣ додан ва ё худсарона ишғол кардани заминҳои муассисаҳои таълимиро дар майдони 21,5 гектар ошкор намуд. Дар натиҷа 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, оид ба бартарафсозии ин қонунвайронкуниҳо 101 амр, 24 пешниҳод ва ба 36 қарори ғайриқонунии раисони ин шаҳру ноҳияҳо эътирозҳои прокурорӣ оварда шуданд. Чунин изҳор дошт Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матуботӣ, ки нимаи аввали имрӯз баргузор гардид.
Ба намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон дар асоси амрҳои мақомоти прокуратура 12 ҳазору 406 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ дар давраи ҳисоботӣ 4 ҳазору 342 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 2 ҳазору 481 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, 38 ҳазору 893 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Давоми нимсолаи аввал ба маблағи зиёда аз 773 миллион сомонӣ зарар барқарор шудааст, ки аз ин 273,7 миллион сомонӣ ба манфиати давлат мебошад.
Давоми шаш моҳи соли равон ба мақомоти прокуратура 18 ҳазору 444 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуда, 1 ҳазору 438 муроҷиат қонеъ гардонида шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои қонунӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура ҳуқуқ ва манфиатҳои 184 917 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барқарор гардид.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






