НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Палатаи ҳисоб барномаи электронии аудити мустақил амалӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи электронии аудити мустақил амалӣ гардидааст, ки мутобиқ ба талаботи замон ва стандартҳои байналмилалии аудит мебошад. Низоми мазкур тамоми раванди аудитро шуруъ аз нақшабандӣ то таҳияи хулоса ва фаъолияти минаъда дар бар гирифта, ҷараёни онро роҳбарият ва сараудитори самт назорату мушоҳида менамоянд. Дар ин хусус 11 август Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода дар нишасти матбуотӣ баён дошт.
Қарахон Чиллазода гуфт, ки «ин иқдом, пеш аз ҳама, вақтро сарфа мекунад, кори аудиторро осон менамояд, шаффофият таъмин гардида, хавфи омилҳои инсонӣ низ паст мегардад. Илова бар ин модули ҳуҷҷатгузории электронии дохилиидоравӣ пурра мавриди истифодаи сохторҳои воҳидии Палатаи ҳисоб қарор дошта, доираи фаъолияти ин барнома тамоми сатҳи кормандонро фаро гирифта, ҳуҷҷатҳои воридотиву содиротӣ бо тартиби муқарраршуда ва дар шакли электронӣ сабт мешаванд».
Ҳоло Палатаи ҳисоб бо системаҳои электронии Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва КВД «Амонатбонк» пайваст шуда, маълумоти зарурӣ мегирад. Инчунин ҷиҳати пайваст гардидан бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ корҳо идома доранд.
«Бояд гуфт, ки аллакай Палатаи ҳисоб усули фосилавиро оғоз намудааст. Ҷараёни аудит се марҳила -омодагӣ, гузаронидани аудит ва таҳияи ҳисоботро дар бар мегирад. Марҳилаи омодабошӣ ва таҳияи ҳисобот аллакай фосилавӣ анҷом дода шуда, танҳо баъди муайян намудани хавфҳо корманд ба объект равона мешавад. Ин аст, ки агар пештар муҳлати чорабиниҳои аудиторӣ 30 рӯз идома меёфт, ҳозир он дар 10-15 рӯз анҷом дода мешавад»,-афзуд Қарахон Чиллазода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






