НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 65 синфхонаи иловагӣ бо 1528 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд

Август 2, 2023 11:59

ТУРСУНЗОДА, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2023 дар назди 6 муассисаи таълимии шаҳри Турсунзода 65 синфхонаи иловагӣ барои 1528 хонанда дар як вақт сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 11 муассисаи томактабӣ барои 1132 кӯдак ва 217 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 24 муассисаи таълимӣ, ки дорои 5290 ҷойи нишаст мебошанд, идома дорад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки «дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 93 иншоот, тандурустӣ 32 иншоот, варзиш 30 иншоот, хизматрасонии маишӣ 4 иншоот, саноат 21 иншоот, 34 маркази хизматрасонӣ ва савдо, таъмири асосии роҳ дар 45 мавзеъ ба дарозии 130 км, сохтмони 6 пул, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ аз ин ҷумла мебошанд. То имрӯз 113 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, роҳҳои байнидеҳавию дорои аҳамияти маҳаллии шаҳри Турсунзода бо маблағгузории мақомоти иҷроия ва ҷалби соҳибкорону саҳми сокинони деҳот беш аз 19 км асфалтпӯш ва 93 км таъмири ҷорӣ шуданд.

Шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Хушбахтона, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр 520,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳоло дар шаҳр 80 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2022 35 корхона зиёд мебошад. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 86 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидаанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд