НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 490 корхонаи нави саноатӣ бо 2400 ҷойи кор ба истифода дода шуд

Август 13, 2023 15:32

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ соли равон дар Тоҷикистон 490 корхонаи нави саноатӣ бо 2400 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода 10 август дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ашурбой Солеҳзода афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 10,3 фоизро ташкил дод. Суръати рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 14,2 фоиз афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард, 7,3 фоиз саноати истихроҷ ва 13,6 фоиз таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво таъмин гардидааст.

Таъкид шуд, ки дар ин давра истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 10,8 миллиард кВт-соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 345,5 миллион кВт-соат ё 3,3 фоиз зиёд таъмин гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 18,7 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад, аз ҷумла рушди растанипарварӣ 10,4 фоиз ва чорводорӣ 2,4 фоизро ташкил додааст. Дар маҷмуъ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ кишти баҳории зироати кишоварзӣ соли равон дар майдони 429,9 ҳазор гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 0,3 фоиз зиёд аст. Инчунин кишти такрории зироати кишоварзӣ дар майдони 76,7 ҳазор гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,8 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 705,3 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 630,7 ҳазор тонна, картошка 261,6 ҳазор тонна, сабзавот 1136,2 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 524,7 ҳазор тонна, полезӣ 299,2 ҳазор тонна ва мева 185,4 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ғалладонагиҳо 2,5 фоиз, бахусус гандум 3,4 фоиз, сабзавот 10,2 фоиз, пиёз 16,1 фоиз, полезӣ 5,4 фоиз ва меваҷот 1,6 баробар зиёд гардида, картошка 0,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

Инчунин истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) 77 ҳазор тонна (4,6 фоиз зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2022), гӯшти паранда 23,8 ҳазор тонна (17,3 фоиз зиёд), шир 394,1 ҳазор тонна (3 фоиз зиёд), пашм 5221,5 тонна (2,6 фоиз зиёд) ва моҳӣ 1640,1 тонна (43,2 фоиз зиёд) шуда, истеҳсоли тухм 555 миллион дона (3,8 фоиз кам) шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2023 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад