НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо паҳншавии маводи психотропӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубориза мебаранд

Август 2, 2023 19:24

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қочоқбарони маводи мухаддир барои паҳн намудани моддаҳои психотропии таъсирбахш аз технологияҳои муосири иттилоотӣ истифода мебаранд. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари мамлакат сарфи назар аз мушкилоти муайян дар пайгирии шабакаҳои иҷтимоӣ бо тамоми воситаҳои мавҷуда бо паҳншавии он мубориза мебаранд. Чунин иброз намуд директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Сардори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тазаккур дод, ки дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр навиштаҷоти марбут ба баъзе сайтҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд. Ҳамин тариқ, нашъаҷалоббон кӯшиш мекунанд, ки «мол»-и худро бо роҳи тамос бифурӯшанд. «Шуъбаи мо дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор ба пайдо шудани чунин навиштаҷот сари вақт вокуниш нишон дода, онҳоро нест менамоянд. То ҳол дар пайгирии чунин шабакаҳои иҷтимоӣ – Фейсбук, Одноклассники, Instagram, Twitter, WhatsApp ва Tik-Tok бо мақсади пешгирии паҳншавии моддаҳои психотропӣ дар байни ҷавонон мушкилоти муайяни техникӣ вуҷуд доранд», — гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Зимнан иброз гардид, ки тибқи омори расмӣ, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 4183 нашъаманд сабти ном шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (4437 нафар) 254 нафар ё 5,7% кам мебошад.

Аз шумораи умумии нашъамандон 103 (2022 – 100) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад. Ҳоло ба ҳар 100 ҳазор нафар дар Тоҷикистон 41,8 нашъаманд рост меояд, ки ин яке аз камтарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ аст.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2023 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид