НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Принсипҳои асосии фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ риояи қонуният, воқеъбинӣ, шаффофият ва беғаразӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдулҳаким Розиқзода дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон, ки субҳи имрӯз баргузор гардид, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки шумораи унвонҷӯёну довталабон дар бахшҳои геология ва металлургия хеле кам аст, ҳол он ки 93 фоизи Тоҷикистонро кӯҳсори пур аз ганҷу металлҳои қиматбаҳо ташкил медиҳад, ҳамчунин дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи геология ва дар вилояти Суғд Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият доранд.
А. Розиқзода дар идомаи мавзуъ иттилоъ дод, ки Шурои диссертатсионӣ дар самти илми геология дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давоми як соли фаъолияти худ натавонист як кори илмӣ (диссертатсия) барои ҳимоя пешниҳод намояд. Роҳбарият ва кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ оид ба мавзуи мазкур тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, барои бартараф сохтани мушкилот аз ҳамаи имконият истифода хоҳанд бурд.
Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 470 диссертатсияҳо баррасӣ шуданд, ки аз ин шумора 255 диссертатсия тасдиқ ва 30 диссертатсия рад шуда, 185 кори илмӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Сабаби рад шудани диссертатсияҳоро А. Розиқзода ҷой доштани сирқат дар баъзе корҳои илмӣ шарҳ дод: «Комиссияи олии аттесатсионӣ дорои барномаи соҳавии муосир мебошад, ки аслияти кори илмиро ташхис ва муайян мекунад. Аслияти диссертатсияҳое, ки барои ҳимоя пешниҳод мешаванд, бояд зиёда аз 75 фоизро ташкил диҳад».
Иттилоъ дода шуд, ки давоми нимсолаи аввал ба 90 нафар унвони илмии «дотсент» ва ба 7 нафар унвони илмии «профессор» дода шудааст.
Бояд гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо қарорҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ ба ҳайати Шурои экспертӣ дар самти илмҳои Забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ; Таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ; Санъат ва варзиш тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардида, ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Таъкид шуд, ки принсипҳои асосии фаъолияти Комиссияи олии аттесатсионӣ риояи қонуният, воқеъбинӣ, шаффофият ва беғаразӣ буда, ба парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои пешниҳодшуда воқеъбинона ва ба таври илмӣ баҳо гузошта мешавад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






