ОБОДИИ МАҲАЛ. Дар деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ 1,5 км роҳи байнидеҳавӣ асфалтпӯш мегардад

Август 11, 2023 12:21

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода иқдоми роҳсозиро идома дода, дар муддати кӯтоҳтарин роҳи байнидеҳавиро барои асфалтпӯшкунӣ омода намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Маблағгузории таъмири роҳ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Ҳоҷӣ Умаралӣ Сафаров ва бо ташаббуси сокинони деҳа амалӣ гардид. Аз ободии кӯчаҳои деҳа илҳом гирифта, соҳибкор — сокини деҳаи Ҷовидон Салим Маҷидов боз барои асфалтпӯш намудани 500 метри дигари роҳи деҳа сарпарастиро ба уҳда гирифт.

Сокинони деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ният доранд, ки ояндаи наздик тамоми кӯчаҳои байни деҳаро, ки зиёда аз 3,5 км-ро ташкил медиҳанд, пурра асфалтпӯш намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 11, 2023 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд