ПИЁДА- АЗ ДАРВОЗ ТО КӮЛОБ. Қиссаи сафари нахустин корвони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе ва вохӯрии онҳо бо Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 15-18 август баргузор гардид, қиссаи сафари нахустин корвони ҷавонони вилоят ба шаҳри Душанбе ва мулоқоти онҳоро бо Сарвари давлат, ки 25 сол пеш доир шуда буд, пешниҳод мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Зӯҳробек Бурибеков, ки корвони мазкурро сарварӣ менамуд, ёдовар шуд. Дар зер қиссаи мазкурро пешкаши хонандагон мегардонем.
Азми қавӣ роҳҳои бастаро ҳам мекушояд…
Зӯҳробек Бурибеков, гуфт, ки моҳи марти соли 1998 хабар расид, ки дар пойтахти ҷумҳуриамон- шаҳри Душанбе нахустин мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонони мамлакат доир мегардад. Тибқи дархосту пешниҳодоти идораву муассисаҳо гурӯҳе иборат аз 25 нафар, ки ҳайаташ аз коргарони одӣ, шоирону олимон, ҳунармандон ва намояндагони ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилоят иборат буд, ба сафар тайёрӣ медиданд. Сафарамон бояд аввали моҳи май оғоз мегардид, вале бо баъзе сабабҳо ба нимаи дуюми моҳи май гузаронида шуд. Ҳавои номусоиди кӯҳистон барои омадани чархбол ба вилоят чанд рӯз пайиҳам монеа шуд. Аз барфу боронгариҳои беист ағбаи Хобурубот низ маҳкам гардида буд. Рӯзи вохӯрӣ наздик мешуду корвон ҳанӯз дар Бадахшон қарор дошт. Илоҷи дигар намонд. Фақат бо роҳи пурпечутоби заминӣ худро ба Душанбе расонидан монду халос. 13 май бо автобус ба роҳ баромадем.
Шуғнону Рӯшон ва Ванҷ паси сар шуданду ба «Дарвозаи Бадахшон» ворид шудем. Ҳанӯз ба маркази ноҳия нарасида, дар нимароҳи Дарвоз кӯҳпораи азиме фурӯ афтода, роҳро батамом банд намуда буд. Ҳамроҳи ҷавонмардони ҳамсафар аз автобус берун шуда, ба тозакунии роҳ пардохтем. Қувваи нобаробар дар рӯ ба рӯи кӯҳпораи азим оҷиз буд. Ба қароргоҳи низомӣ рафта, путку мисрон овардем. Сангҳои сари роҳро ғелон ба ҷарӣ тела додем, вале аллакай шом шуда буд.
Субҳи барвақт аз тарафи сардори қисми низомӣ ба ёрии роҳсозон мошини «Урал» фиристода шуд. Акнун қувваи корӣ даҳчанд афзуд. Қарибиҳои нисфирӯзӣ бо кумаки ҳарбиёну роҳсозон ва ҳамроҳонамон роҳ кушода шуд. Табассум боз аз сари нав дар чеҳраи ҳар яки мо дамид. Автобус ба ҳаракат даромад. Ба зудӣ ба маркази ноҳияи Дарвоз расидем. Ронанда ҳам акнун мошинро бо тамоми суръат меронд, то аз вохӯрӣ дер намонем. Аммо, дер шуда буд ва мо инро ба хубӣ дарк менамудем. Тазоди сафарро бинед, ки чанд километр роҳ напаймуда, сарнозири БДА-и ноҳияи Дарвоз аз банд будани роҳ тӯли ду ҳафта хабар дод. Пули болои дарёи Жак-Марғро сел шуста бурдааст. Мошинҳои дигар, ки ҳамроҳи мо дар сафар буданд, пас гаштанду мо бошем, пиёда роҳамонро идома додем. Ҳама якдилона қарор доданд, ки бо кадом роҳе набошад, худро ба марказ хоҳем расонд.
Пиёда- аз Дарвоз то Кӯлоб
Дар садкилометрии роҳ аз Дарвоз то Кӯлоб мо пиёда меомадем. Роҳу бероҳаҳои хатарнокро боэҳтиёт убур намуда, аз таги сангҳои овезони кӯҳҳои сар ба афлок ва шаршараҳои калон мегузаштем.
Шоира Руқияи Давроншоҳ дар хотирааш аз он рӯз гуфтааст, ки «қадамзанон ба Яхчисор расидем. Ба хонаи бобои Ҷамол, ки дар мавзеи роҳсозон қарор дошт, меҳмон шудем».
Садафмоҳ, духтари бобои Ҷамол ҳоли зори моро дида, дар ташвиш шуд, ки аз Девдараи касногузар чӣ тавр мегузашта бошем? Пиёда роҳамонро идома додем. Аз пеш Девдараю аҷинадараҳо. Бо тарсу ҳароси зиёд аз роҳи кӯҳӣ гузаштем. Ҳурмату эҳтиром дар ҳар қароргоҳи низомӣ нисбат ба мо ҳадду канор надошт. Дар рӯзи сеюми пиёда роҳ паймуданамон ба қароргоҳи даҳуми сарҳадии Тоҷикистон расидем. Сардори қароргоҳ амр дод, то бароямон зиёфат биороянд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Зери садои марғуладори ҳофизони хушсадои Бадахшон Ширини Бек ва Соҳиба Давлатшоева хастагии роҳ аз сарамон рафъ шуду ашки шодӣ аз чашмонамон ҷорӣ. Он шаб ҳамроҳ бо бародарони хатлонӣ дар сари як дастархон гузашт. Субҳи барвақт моро тавассути трактор аз дарёи тезоби Ниёв ба канори дигари роҳ гузаронданд. Даштиҷуму Шӯроободро гузашта, сипас ба Кӯлоб расидем.
Дар чеҳраи мардум хурсандӣ бармало буд. Истиқболи гарму ҷӯшони сокинон ба мо болу пар бахшид. Ҳаргиз аз хотирамон намеравад, ки хурду бузург қад-қади роҳ моро интизор буданд. Ҳис мешуд, ки мардум аз оташи ҷанг хаста шудаву фақат сулҳ мехоҳанд. Танҳо сулҳ…! Меҳмондорию меҳмоннавозӣ интиҳо надошт. Рӯзи дигар бо роҳи собиқ Қўрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба шаҳри Душанбе раҳсипор гардидем.
Девдара Гулдара мешавад
-Дар шаҳри Кӯлоб бо супориши роҳбарияти шаҳр барои идома додани сафар ба мо нақлиёт ҷудо намуданд,-гуфт дар идомаи суҳбат Зӯҳробек Бурибеков.
Ҳангоми ҳаракат дар масири Қўрғонтеппа-Душанбе вақте Соҳиба Давлатшоева бо овози ширадораш ба сурудхонӣ сар карду Ширини Бек бо ӯ ҳамсадо гардид, тасодуфан ронандаи мошин аз чанбараки мошин фаромӯш намуда, ба рақс даромад, ки қариб буд моро ба теппае сарозер намояд. Баъдан, мошинро нигоҳ дошту аз ҳамаи мо узр пурсида, изҳор намуд, ки кош дар ватанамон ҳамеша созу суруд танинандоз бошад, на садои тиру туфанг.
Чун ба шаҳри Душанбе расидем, вохӯрӣ аллакай гузашта буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон дар Фаронса қарор доштанд. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ба мо хабар доданд, ки мулоқотамон бо Пешвои миллат баъди бозгашт доир мегардад, зеро Президенти мамлакат қарор додаанд, ки ҷавонони Бадахшонро қабул намоянд. То омадани Сарвари давлат чанд рӯзи дигар истироҳат кардем ва мулоқотро бесаброна интизор будем. Вақти ба мулоқот ҷудогардида фаро расид. Он рӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи навбатӣ доир шуд. Баъд аз танаффус дар иҷлосия мо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтем.
Президенти мамлакат изҳори миннатдориашро барои пиёда раҳ паймудани мо ироа намуданд ва иброз доштанд, ки барои сулҳу салоҳ ва пойдории ваҳдат паси сар кардани ҳар мушкилӣ зарур аст. Гуфтанд, роҳе, ки шумо аз тариқи он ба ин ҷо омадед, то Қулма сохта мешавад. Вақт довар аст, ки Девдара Гулдара хоҳад шуд ва шумо инро хоҳед дид.
Суханони Ҷаноби Олӣ хеле самимӣ ва хоксорона буданд. Насиҳат намуданд, то баъди бозгашт ба мардуми Бадахшон аз боби сулҳу ваҳдат ва ҳамгироӣ нақл намоем. Моро ба ҷашни ҷавонон, ки 23 май дар Боғи истироҳатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, даъват намуданд.
Бо супориши Президенти мамлакат зимни бозгашт моро тариқи ҳавопаймо ба шаҳри Хоруғ гусел намуданд.
ОХИРСУХАН. Ва ё ба қадри ин созандагӣ ва сулҳу ваҳдат бояд расид
Бо гузашти сол ҳамаи гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Девдара Гулдара шуду роҳ ағбаи Қулмаро убур намуд. Ваҳдату сулҳ дар саросари Тоҷикистон ҳукмфармо гардид. Акнун аз роҳи пиёда паймудаамон мегузарему он солҳои душвори бероҳӣ ба ёдамон мерасанд.
Тайи муддати 32 соли Истиқлолияти давлатӣ чӣ қадар бунёдкориву созандагӣ, сарсабзиву шукуфоиҳо дар диёрамон ба вуқуъ пайвастанд.
Ҳамаи инро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои наслҳои минбаъда ба мерос гузорем. Ба қадри ин созандагӣ ва сулҳу ваҳдат бояд расид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ