Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи давлатии томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 31, 2023 14:25

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассиса оғоз бахшида, бо шароити таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.

Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Партнёр” бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон ба талаботи замони имрӯза мутобиқ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории замони муосир ба анҷом расонида шудааст.

Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ айвонча, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва суҳбаткадаҳои махсус сохта шудаанд, ки барои гузаронидани машғулият ва бозии кӯдакон хеле мувофиқ мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити  муассиса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулин суҳбати самимӣ доир намуда, бунёди иншооти соҳаи маорифро аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф маънидод намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи ин шароит баҳри ояндаи дурахшони насли наврас фароҳам оварда шудааст. Аз коргарони даргоҳи илм талаб шуд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдаконро ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ тарбия намоянд.

Август 31, 2023 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд