САЛОМАТИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Кормандони тибби ноҳияи Тоҷикобод сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро баланд мебардоранд

Август 18, 2023 11:39

ТОҶИКОБОД, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги  ноҳияи Тоҷикобод  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддин Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ  доданд.

Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Рамазонзода кормандони соҳаи тибро бо иди касбӣ, ки ҳамасола 18 август гузаронида мешавад, табрик намуда, иброз дошт, ки ин ид бо мавлуди олими номвари тоҷик, алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат менамояд, алоқамандӣ дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандоне ба воя расонидааст, ки осори онҳо то имрӯз аҳамияти худро гум нанамуда, барои башарият ҳамчун роҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  дар ноҳияи Тоҷикобод таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани гирифтории одамон ба бемориҳои  гуногун сари вақт ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Бунёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмиру тармими биноҳои амалкунанда, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин намудани муассисаҳо, бахусус дар деҳот аз вазифаҳои асосии роҳбарияти ноҳия маҳсуб  шуда, он маҳз дар заминаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат пайваста амалӣ мегардад.

Зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бунёди  иншооти замонавии соҳа ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештари аҳолиро ба хизматрасонии баландихтисос ва махсус боз ҳам беҳтар менамояд.

Изҳори боварӣ шуд, ки кормандони тибби ноҳия минбаъд низ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро тақвият бахшида, баҳри сиҳатии ҳар сокини диёр ва рушди ҷомеаи солим хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Дар анҷоми  ҳамоиши тантанавӣ кормандон ва собиқадорони соҳаи тибби ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Август 18, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад