Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва фаъолони шаҳр мулоқот намуданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи коргарони неругоҳ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ барои заҳматҳои шабонарӯзиашон ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Таъкид гардид, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то имрӯз аллакай зиёда аз 6,4 миллиард киловатт-соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.
Дар ин робита Сарвари давлат бори дигар хотиррасон намуданд, ки барои таъмин намудани рушди муназзаму устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии мамлакат ба неруи барқ афзоиш додани истеҳсоли неруи барқ аз ҷумлаи заруратҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
“Суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи “Роғун”, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ тибқи нақша ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ бисёр муҳим ва зарур мебошад”,- иброз доштанд Президенти мамлакат.
Имрӯз дар иншооти неругоҳ 14 ҳазору 164 нафар кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд.
Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ҳар сол аз ҳисоби хариди мошину механизмҳои пуриқтидори муосир зиёд гардида, ҳоло ба 3443 расонида шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар сатҳи байналмилалӣ ташкил ва таъмин намудани назорати техникиву технологӣ дар иншооти “Роғун”, ки аз маҷмааи иншооти наздиктарини зеризаминӣ иборат аст, зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки чун “Роғун” барои садсолаҳо на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои минтақа бунёд мешавад, муҳимтар аз ҳама, ба сифати баланди корҳои сохтмону васлгарӣ аҳаммияти аввалиндараҷа додан зарур аст.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлатҳои тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода супоридани агрегатҳои навбатӣ дар назди вазорату идораҳои давлатӣ, Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии “Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар сохторҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мову шумо дар ояндаи наздик давлати азизи хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонем ва талошу заҳмати ватандӯстонаи ҳар яки шумо дар китоби таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Дар ҳамин ҷо пас аз анҷоми суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хайрулло Сафарзода — директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун, Хуҷамурод Азимов — директори заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак, Иқбол Сафаров — директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Нуралӣ Арабзода — директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва Қоҳир Расулзода — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ, назорати сифати сохтмон, сохтмони сарбанд, ҳолати татбиқи лоиҳаи сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар масъалаҳои вобаста ба неругоҳи “Роғун” ҳисобот доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Имзои санадҳои нави дуҷониба оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон ва маросими истиқболи расмӣ






