Сокинони Хоруғ ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар гӯшаи шаҳрро ободу зебо менамоянд

Август 1, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Хоруғ ба истиқболи ҷашни 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаҳо корҳои таҷдиду навсозӣ ва васеъ кардани роҳҳо, рангу бори хонаҳо, сафед кардани деворҳо бо маром идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки сокинону соҳибкорони шаҳр бо мақсади баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо гардонидани атрофи шаҳр, инчунин хонаҳову пасткӯчаҳои шаҳр корҳои ободониву созандагиро бомаром идома дода истодаанд.

Ҳангоми ба шаҳр ворид гардидан эҳсос мегардад, ки кӯчаҳо тозаву озода буда, рӯҳияи мардум бо истифода аз меҳнати созанда ва эҳсоси баланди шаҳрдорӣ болида гардидааст.

Имрӯзҳо сокинони шаҳри Хоруғ барои ободу зебо гардонидани ҳудуди шаҳр камари ҳиммат баста, дар ободии ҳар гӯшаи он саҳм  мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Август 1, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд