Теъдоди ҳалокшудагони ярч дар кӯҳҳои Гурҷистон ба 11 нафар расид

Август 5, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Наҷотдиҳандагони гурҷӣ дар осоишгоҳи Шовии минтақаи баландкӯҳи Рача, ки дар ин ҷо ярч фаромадааст,  ҷасади чор нафари дигарро пайдо намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, шумораи умумии ҳалокшудагон 11 нафарро ташкил медиҳад, гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

«Дар доираи корҳои ҷустуҷӯӣ — наҷотдиҳии оташнишонон ва наҷотдиҳандагони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи ВКД ҷасади 11 нафар дар шаҳраки Онск пайдо гардид», — омадааст дар изҳорот.

Ёдовар мешавем, ки 3 август дар Шов ярч фаромад, ки дар натиҷа пулу роҳҳо, инчунин коттеҷҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаи «Сансет Шови» зарар диданд. ВКД фавран ду чархболи полиси марзиро ба он ҷо фиристод. 4 август ба онҳо боз ду чархболи дигар ҳамроҳ шуда, ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани  210 нафар муяссар гардид.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 5, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд