ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1170 то 0.1195 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 21.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9600 сомонӣ;
1 евро – 11.9102 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1170 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9600 то 11.0000 сомонӣ;
1 евро аз 11.9102 то 12.2000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1170 то 0.1195 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2486 сомонӣ муқррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад






