32 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат аз 16 сомонӣ ба 1730 сомонӣ расонида шуд

Сентябрь 10, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 10.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили натиҷаҳои рушди иқтисоди мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти саривақтӣ, андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ ва пойдор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ бо заҳмату ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт заминаи асосӣ гузошта шуда, соли 1997 бори аввал рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид ва ҳаҷми воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 1997 нисбат ба соли 1996 1,7 фоиз афзоиш ёфт. 

Даромади пулии аҳолӣ аз 10,5 млн сомонии соли 1991 то ба 87 млрд сомонӣ зиёд гардид

Дар амал татбиқ намудани барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва барномаҳои соҳавию минтақавӣ имконият дод, ки рушди бонизоми иқтисоди миллӣ идома ёфта, раванди ислоҳоти иқтисодии рушди устувори ҷумҳурӣ ва ҳадафҳои Ҳукумат баҳри беҳдошти ҳаёти мардум таъмин гардад. Ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, бахусус стратегияҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати рушди давлат, барномаҳои соҳавию маҳаллӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ муайян гардида, татбиқи навбатии ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо маром идома дорад.

Дар натиҷа дар солҳои 2000-2022 рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин шуда, дар ин давра ҳаҷми наминалии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 64 маротиба зиёд шуд.

Ба гуфтаи сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон , рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат асосан аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат таъмин  шуд. Ба иттилои ӯ, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонӣ дар соли 2000 то 11,6 ҳазор сомонӣ дар соли 2022 расида, беш аз 40 маротиба зиёд гардидааст.

Мавсуф изҳор намуд, ки муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имкон дод, ки даромади пулии аҳолӣ аз 10,5 млн сомонии соли 1991 то ба 87 млрд сомонӣ зиёд гардида, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1997 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш ёфт.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат тадриҷан зиёд намудани андозаи ҳадди ақалл ва миёнаи музди меҳнати кормандон дар соҳаҳои гуногун мебошад. Агар соли 2000 музди миёнаи меҳнат 16 сомониро ташкил медод, пас соли 2022 он ба 1730 сомонӣ расонида шуд.

Дар баробари ноил шудан ба ҳадафҳои гузоштаи давлату Ҳукумати мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид имконияти рушди бахши воқеии иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии он ба миён омад. Дар ин ҷода саноатикунонии босуръати давлат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардида, имрӯзҳо корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 43 млрд сомонӣ расонида шуд

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ эҳё гардида, ҷойҳои корӣ барқарор шуданд. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, агар соли 1992 шумораи корхонаҳо 1628 ададро ташкил дода бошад, пас ин шумора соли 2022 ба 2795 адад расонида шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2022 то ба 43 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2000  31,3 маротиба зиёд мебошад.

Кишоварзӣ яке аз соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ислоҳоти заруриро дар бахши аграрии мамлакат амалӣ намуд. «Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд намудани майдони боғу токзор ва таъмини дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ тадбирҳои судманд амалӣ намуд, ки ин ба таъмини суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2000  71 маротиба афзоиш ёфта, соли 2022 ба 49,3 млрд сомонӣ расонида шуд»,-баён дошт Фарҳодшоҳ Раҳмонализода.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ тадриҷан зиёд гардида, аз 4 ҳазор мегаватт дар соли 1991 то ба 6,1 ҳазор мегаватт дар соли 2022 расонида шуд,  ки ин яке аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. 

Ҳаҷми содироти ҷумҳурӣ дар тӯли 32 сол 31 маротиба афзиш ёфт

Тавре намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоюли афзоиши бемайлони ҳаҷми савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расида, соли 2022 ба 7309,5 млн доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 қариб 55 маротиба зиёд мебошад.  Ҳамзамон ҳаҷми содироти ҷумҳурӣ соли 2022 ба 2,1 млрд доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991  31 маротиба афзоиш ёфт.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар айни замон кори ислоҳоти иқтисодӣ дар самти таъмини гуногунсамтӣ ва гуногуннамудии содироти маҳсулоти ба рақобат тобовар, дарёфти бозорҳои нави фурӯш, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ бомаром идома дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд иншооти тандурустӣ бунёд мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб бинои нави Кумитаи идораи замин ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази тафреҳӣ барои кӯдакон бунёд мешавад
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад