6 СОЛИ ИМТИЁЗҲО ДАР СОҲАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ БА АНҶОМ МЕРАСАД. Чаро нархи тухм ҳанӯз ҳам муътадил нест?

Сентябрь 17, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 17.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Охири соли равон муҳлати амали имтиёзҳои андозӣ ба соҳаи парандапарварӣ, яъне озод намудани ин соҳа аз супоридани тамоми намуди андозҳо барои 6 сол ба охир мерасад. Он то куҷо ба рушди соҳа замина гузошт, чаро то ҳол баҳси гаронии нархи тухми мурғ ва воридоти гӯшти он аз хориҷи мамлакат давом дорад? Ба ин ва дигар саволҳо мухбири АМИТ «Ховар» дар мақолаи зерин посух мегӯяд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои андозӣ ба ин соҳа барои тақвияти рушди кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ дода шуда буданд.

Ҳамин тариқ, аз моҳи марти соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз супоридани андоз аз фоида (содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва андози замин озод гардид.

Камчинии хӯроки паранда мушкили №1-и соҳа боқӣ мемонад 

Таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки дар давраи амали имтиёзҳо шумораи корхонаҳои соҳа афзоиш ёфта, воридоти гӯшти паранда, махсусан мурғ аз хориҷи ҷумҳурӣ кам гардид. Вале баҳси гаронии тухм дар бозору мағозаҳои мамлакат то ба ҳол идома дорад.

Аз ҷумла, то давраи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ дар мамлакат 65 корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамуд. Имрӯз ин шумора ба 222 адад расидааст, ки аз ин 100 корхона ба истеҳсоли тухм, 108 корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 корхона ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ-чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.


Омор нишон медиҳад, ки як сол пас аз пешниҳоди имтиёзҳо шумораи корхонаҳо аз 109 адад якбора ба 134 адад афзоиш ёфта, ҳамин тариқ, давоми 6 сол як баробар бештар шуд. Бо вуҷуди афзоиши корхонаҳои истеҳсоли гӯшту тухми паранда масъалаи камчинии корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ба миён омад. Тавре аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ҳоло дар ҷумҳурӣ танҳо 6 корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда амал менамояд, ки барои беш аз 200 корхонаи парандапарварии мамлакат кифоя нест.

Ин аст, ки ба иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ танҳо дар 9 моҳи соли 2022  110 ҳазор тонна маводи хӯроки омехта (комбикорм) дар ҳаҷми 60 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ин рақам  соли 2019 ба 85 ҳазор тонна баробар буд. Яъне бо дарназардошти зиёдшавии талабот воридоти хӯроки паранда низ зиёд мешавад.

Муовини сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев мегӯяд, ки “агар он 60 млн долларе, ки аз хориҷи мамлакат хӯроки омехта ворид карда шуд, дар таъсиси корхонаҳо ба роҳ монда шавад, вобастагии мо аз воридоти маҳсулоти паранда коҳиш меёбад”.

Ба гуфтаи ӯ, бояд ба корхонаҳои истеҳсоли хӯроки паранда имтиёзҳои андозии иловагӣ дода шавад, то онҳо ҳавасманд шаванд ва шумораи чунин корхонаҳо дар мамлакат бештар гардад. «Новобаста ба он ки дар мамлакат 222 корхона фаъолият дорад, сатҳи талабот бе дарназардошти хоҷагиҳои аҳолӣ зиёда аз 8 дарсад ва боқимонда аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин мешавад», -афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки тӯли 6 соле, ки соҳаи парандапарварӣ аз супоридани андоз аз фоида (содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва андози замин озод буданд, соҳибкорон тавонистанд маблағи зиёдро сарфа намуда, дар фаъолияти соҳибкории худ мавриди истифода қарор диҳанд ва соҳаро рушд бахшанд. Дар навбати худ оё метавон гуфт, ки озод будан аз пардохти ин намуди андозҳо ба камомади буҷа оварда мерасонад ё не?

Ба андешаи Амин Одинаев, Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти имконияти мавҷудаи молиявӣ ва пайдо шудани сарчашмаҳои иловагӣ маблағҳои камомадро аз ҳисоби имтиёзҳо мепӯшонад.

Чаро нархи тухм арзон нашуд?

Таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки дар давраи татбиқи имтиёзҳои андозӣ истеҳсоли тухми паранда аз 341,4 миллиони соли 2017 ба 1,2 млрд дар соли 2022 расида, гӯшти паранда аз 7,6 ҳазор тоннаи соли 2017 ба 48,4 ҳазор тонна дар соли 2022 баробар гардидааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро бо вуҷуди истеҳсоли шумораи зиёди тухм ҳамоно нархи тухм дар бозорҳои мамлакат номуътадил будаву ҳар замон шикояту норозигии сокинонро дар пай дорад?

Инфографикаи шумораи истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дар тӯли 5 сол

Муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Машокир Назаров номуътадил будани нархи тухм дар бозорро ба мавсимӣ будани он рабт дод. Ӯ мегӯяд, ки нархи тухм танҳо дар фасли зимистон тамоюли баландшавӣ дорад, чунки дар зимистон нигоҳубини паранда мушкилтар аст. «Сардӣ боиси он мегардад, ки тухмкунии мурғон кам шуда, нигоҳубинашон мушкилтар мешавад. Дар фасли тобистон аллакай чӯҷаҳое, ки охири фасли зимистон гирифтаанд, ба тухмкунӣ медароянд. Ҳамзамон бо баланд шудани ҳарорати ҳаво тухмдиҳӣ низ зиёд мегардад»,-шарҳ дод муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ.

Мавсуф тасдиқ намуд, ки зимистони гузашта ҳам  гароншавии нархи тухми мурғ эҳсос шуд ва корхонаҳои парандапарварӣ арзиши як дона тухмро ба харидорон аз 1,10 дирам то 1,20 дирам медоданд.  «Дар навбати худ савдогарони бозор дар болои он 50-60 дирам гузошта, ба истеъмолгарон мефурӯхтанд, ки ин гуна нархгузорӣ боиси норозигии сокинон гардида буд. Нархи тухм тобистони имсол то 30 фоиз паст шуд», — гуфт Машокир Назаров.

Вале соҳибкороне, ки ба парандапарварӣ машғул мебошанд, сабаби асосии гароншавии тухми мурғро ба камчинии хӯроки паранда рабт медиҳанд. Ба гуфтаи соҳибкорон, имрӯз 80 дарсади арзиши истеҳсоли як тухм ба хӯроки паранда вобаста аст. Чун дар таркиби хӯрок 25 унсуре ҳаст, ки бояд аз инҳо дар раванди истеҳсоли тухм истифода  шавад. 90 дарсади ин микроэлементҳо аз хориҷи мамлакат ворид мешаванду дар дохил истеҳсоли онҳо хеле кам аст.

Воридоти гӯшти мурғ ба ҷумҳурӣ

Ба иттилои Агентии омори мамлакат, воридоти гӯшти паранда ба ҷумҳурӣ соли 2017  44,4 ҳазор тоннаро ташкил медод. Соли 2022 ин миқдор ба 2,2 ҳазор тонна расид, ки он танҳо дар тарабхонаҳои давлатҳои дигаре, ки дар Тоҷикистон фаъолият мебаранд, истифода бурда мешавад, зеро онҳо маҳсулоти гӯшти парандаро аз кишвари худ ворид месозанд.

Инфографикаи коҳиши ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ аз хориҷи мамлакат (2017-2022)

Ба иттилои масъулин, 4 сол инҷониб аз хориҷа ба мамлакат гӯшт ва тухми мурғ ворид намешавад. Баръакс, соли 2022 аввалин маротиба содироти тухми истеъмолӣ, гӯшти мурғ ва тухми инкубатсионӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, 943 тонна тухм (16,0 миллион дона) ба Афғонистон ва 23 тонна гӯшти мурғ ва 3,2 млн  дона тухми инкубатсионӣ ба Узбекистон содирот гардид.

Омори мазкур гувоҳ аз фаъолияти назаррас ва натиҷаи хуби соҳа- истеҳсоли зиёди маҳсулот: гӯшт ва тухми парранда мебошад, аммо дар баробари ин хуб мешуд масъулин оид ба муътадил нигоҳ доштани нархи тухм тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар хулоса бояд гуфт, ки аз омор ва суҳбати масъулини соҳа бармеояд, ки мебояд арзиши тухм дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад. Чун таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Пас, татбиқи имтиёзҳо мебояд мушкилоти ҷойдоштаро аз байн бурда, маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро дастраси омма гардонад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди партовҳо аз маводи пластикӣ ва коғазу оҳан бунёд мегардад