БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмони Гулистон мумфаршкунии роҳи мошингард оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 24.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд бунёдкориҳо вусъат ёфта, бо ташаббуси сокинону саховатмандон, соҳибкорони ватанӣ навсозии роҳи мошингарди Адрасмон-Гулистон оғоз ёфтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳи мумфаршшаванда 39 километрро ташкил дода, дар ин кори хайр саҳми сокинону соҳибкорон назаррас аст. То имрӯз 13 км роҳ мумфарш гардида, дар доираи навсозии роҳ таҷдиди пулҳои мошингузар низ ба нақша гирифта шудааст.
Давоми се соли охир 62 км роҳҳои маҳалии ҷамоат навсозӣ шуда, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ фаъол ҳастанд.
Шаҳраки Адрасмон дорои табиати нотакрор буда, дар ду деҳа ва маҳаллаҳои он 16 489 нафар истиқомат доранд. Ба истиқболи ҷашни миллӣ бунёди 35 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин раванд сохтмони чанд иншоот идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






