БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа татбиқи 92 лоиҳа ба маблағи беш аз 222 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 10.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 92 лоиҳа ба маблағи беш аз 222 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин ҳисоб то имрӯз 13 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст. Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ барои тақвият бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия ба маблағи беш аз 132 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа иттилоъ медиҳад.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 иншоот ба истифода супорида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ 175 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардида буд.
Барои рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ба миқдори 392 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо дарназардошти ин дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи се лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 730 миллион сомонӣ идома ёфта истодаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






