Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар академияи мазкур.
Созишномаро Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Ангелина Шопп имзо намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкории гуногунҷониба ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ бо инобати манфиатҳои миллӣ, ташаккул додани донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва дастгирии иқдоми тарафайн иброз намуданд.
Давоми солҳои охир ҳамкории гуногунҷабҳаи Академияи идоракунии давлатӣ бо шарикони хориҷӣ беҳтар гардида, дар доираи ин ҳамкорӣ сатҳу сифати таълиму тарбия ва иқтидори техникии Академия беҳтар гардидааст.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






