Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои сармоягузории «сабз» дар Тоҷикистон маблағҳои нав ҷудо менамояд

Сентябрь 27, 2023 13:47

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри Душанбе оид ба нақши  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои дастгирии Тоҷикистон дар тӯли сӣ соли фаъолият нишасти матбуотӣ ва конфронс баргузор гардид. Дар конфронс сухангӯи калони БАТР дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Антон Усов, Директори идоракунанда дар Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай, Директори идоракунандаи ташкилоти молиявӣ Франсис Малиж, директори низомҳои молиявии «сабз» Майя Ҳеннеркес, роҳбарони якчанд бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки «Арванд», ташкилотҳои қарзии хурди «Ҳумо»  ва «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ва дигарон иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, зимни нишасти матбуотӣ роҳбарони БАТР ба пурсишҳо оид ба барномаҳои байналмилалии донорӣ, ба мисли нақши GEFF дар Тоҷикистон, чӣ тавр барномаи GEFF маблағгузории қарзҳои «сабз»-ро дар бахши хусусии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ дастгирӣ менамояд, барномаи GEFF дар имконияти шомил шудани ташкилоти молиявии Тоҷикистон ба Созишномаи Париж чӣ гуна нақш дорад, чӣ тавр барномаи GEFF дар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавассути фаъолияти баланд бардоштани сатҳи огоҳонидан кумак мерасонад ва фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон дар тӯли 30 сол чӣ гуна рушд намудааст, посух доданд.

Зимни конфронс гуфта шуд, ки  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои сармоягузории «сабз» дар Тоҷикистон маблағҳои нав ҷудо менамояд. Ин маблағгузорӣ дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА дар доираи барномаи GEFF II ба хонаводаҳо ва ширкатҳои агробизнес кумак менамояд.

Иброз гардид, ки БАТР ва Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС) Барномаи маблағгузории иқтисоди «сабз» II дар Тоҷикистонро ба маблағи 50 миллион доллари ИМА оғоз менамоянд.

Барномаи GEFF-и нав ба пешбурди технологияҳои сарфакунандаи неру ва захираҳо нигаронида шудааст.


Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) маблағҳои навро барои беҳтар намудани дастрасӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва технологияҳои «сабз» барои корхонаҳо ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон -давлате, ки аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим осеби бисёр дидааст, ҷудо менамояд.

Бастаи маблағҳои Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз дар Тоҷикистон II (GEFF Tajikistan II) дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби БАТР ва Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС) ба роҳ монда шудааст, ба баланд бардоштани стандартҳои самаранокии неру ва захираҳо мусоидат намуда, гузариши мамлакатро ба иқтисоди «сабз» дастгирӣ менамояд.

Барномаи GEFF Тоҷикистон II қарзгирандагони манзилӣ ва тиҷоратиро барои сармоягузорӣ ба технологияҳои «сабз» ва инноватсионӣ, дар истифодаи самаранокии об ва идоракунии устувори замин мусоидат ва ҳавасманд менамояд. Ҳамчунин барномаи мазкур ба соҳаи агросаноатии мамлакат, ки тақрибан нисфи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон онҷо машғули кор буда, беш аз 22,5 дарсади ММД ба дӯши онҳо мебошад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад намуд.

То 13 миллион доллари ИМА аз маблағи умумӣ, аз ҷумла 11 миллион доллари ИМА дар доираи GEFF Тоҷикистон II ба се ташкилоти молиявии Тоҷикистон: Бонки «Арванд» (4 миллион доллари ИМА), ташкилоти қарзии хурди «Ҳумо» (5 миллион доллари ИМА) ва «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» (4 миллион доллари ИМА) ҷудо карда мешавад. Ташкилоти мазкур дорои махзани беш аз 540 000 нафар мизоҷон мебошанд, ки ҳатто дар манотиқи дурдасти кӯҳистони мамлакат фаъолият намудани онҳо ба пешниҳоди заруртарин қарзҳои «сабз» барои ҳатто хурдтарин мизоҷон дар саросари Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам меорад.

Механизми нав дар заминаи Барномаи маблағгузории иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон I (GEFF Tajikistan I) ба маблағи 25 миллион доллари ИМА таъсис ёфтааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дастгирӣ ва дар байни солҳои 2019 то 2023 амалӣ шудааст. Он зиёда аз 4 600 зерлоиҳаро дастгирӣ намудааст, ки дар маҷмуъ боиси сарфаи неруи зиёда аз 24 000 МВт/с, коҳиши партовҳои CO2ба андозаи 5,195 тонна ва камшавии сарфи об ба миқдори 5,2 миллион м3 дар як сол гардидааст.

GEFF Tоҷикистон II аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд — ҷумҳуриҳои Кореяву Австрия ва ХИС дастгирӣ мешавад. Лоиҳа ислоҳоти сиёсати ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани иқтидор ва идоракунии хавфҳои иқлимӣ дар бонкҳои иштироккунанда нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.

Барномаи GEFF-и БАТР фаъолияти худро соли 2006 оғоз намуда буд ва он ҳоло дар 29 давлати ҷаҳон амалӣ шуда истодааст. То имрӯз дар доираи ин барнома маблағҳои беш аз 6,3 миллиард евро ба зиёда аз 230 000 мизоҷон пешниҳод шудаанд.

Соли 2023 БАТР 30-солагии  ҳамкории худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд. То имрӯз БАТР бо дастгирии тақрибан 160 лоиҳа ба маблағи беш аз 900 миллион евро дар мамлакат сармоягузорӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар тӯли 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо БАТР ҳамкорӣ  дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.

То соли 2022 Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон 150 лоиҳаро дар ҳаҷми зиёда аз 850 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудааст, ки амалисозии ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат нақши назаррас дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2023 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1109 то 0.1190 сомонӣ муқаррар шудааст
Сарвари давлат: «То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд»
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9325 то 10.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1118 то 0.1190 сомонӣ муқаррар шудааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»