Дар Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад

Ноябрь 30, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и «Себистон»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонии навбати дуюм идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз ҷониби филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар насбу васли трансформаторҳои қудратии навъи SFSZ-25 МВА дар марҳилаи анҷом қарор дорад.

Мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот ба таъмини устуворӣ ва эътимоднокии интиқоли барқ ба корхонаҳои саноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Данғара мусоидат менамояд. Инчунин бо ба кор даровардани зеристгоҳи дуюм дар низоми энергетикӣ сарборӣ кам мегардад. Он дар таҳкими иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои рушди энергетикии миллӣ нақши муҳим мегузорад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад