Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба татбиқи қисми 3-и он – Барномаи рушди таҳвилгарон бо роҳбарияти Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ (KOTRA) вохӯрии ҳайати гурӯҳи кории байнидоравӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба имконияти сармоягузорӣ, имтиёзҳо барои сармоягузорон, вазъи содироту соҳибкорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва имтиёзҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров барои дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ доир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ «Роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон”-ро, ки аз ҷониби Палата дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо таҳия карда шудааст, пешниҳод намуд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






