Дар Тоҷикистон кишти гандуми тирамоҳӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақша кишоварзони Тоҷикистон дар 166 ҳазору 947 гектар гандуми тирамоҳӣ кишт менамоянд. То нимаи моҳи ноябри имсол дар 37 ҳазору 533 гектар кишт гузаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Кишти гандум дар мамлакат аз моҳи октябр оғоз мегардад. Кишоварзон пеш аз кишти гандум дар чуқурии 25-30 сантиметр шудгор гузаронида, заминро бо нуриҳои минералӣ таъмин менамоянд. Инчунин интихоби тухмиҳо, тайёр намудани он барои кишт, яъне тоза кардани тухмиҳо аз алафҳои бегона, заҳролудкунӣ бо заҳрхимикатҳо шартҳои асосии кишти гандум мебошанд.
Муҳлати кишт аз иқлими минтақаҳо вобастагӣ дорад. Масалан, саршавии кишти гандуми тирамоҳӣ барои вилояти Суғд аз 10 сентябр то 20 октябр муайян карда шудааст. Меъёри кишти тухмӣ 180-250 килограмм барои 1 гектар аст.
Гандуми тирамоҳӣ нисбат ба гандуми баҳорӣ серҳосил мешавад. Зеро дар зери қабати барф ба ҳарорати 20-25 дараҷа хунукӣ тоб меорад. Дар давраи нашъунамо ва ҷамъоварии он ҳосили фаровон гирифтан мумкин аст. Гандум зироати обталаб буда, барои нашъунамои хуби он хоки ҳосилхез зарур аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






