Дар Анқара 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд

Сентябрь 13, 2023 18:40

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 12 сентябр дар меҳмонхонаи «Шератон»и шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия 32солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати   хосса таҷлил гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода аз шаҳри Анқара.

Дар ҳамоиш намояндагони воломақом ва меҳмонони зиёд аз сохторҳои гуногуни Туркия ва корпусҳои дипломатӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ,  корхона ва ширкатҳои бузурги саноатӣ, тиҷоратӣ,  ҳамватанони бурунмарзӣ ва ВАО  даъват шуда буданд.

Қабл аз оғози ҷамъомад  ҳозирин бо намоиши аксу мусаввараҳои табиати зебои  Тоҷикистон, меваҳои тару тоза ва  хушкмеваҳои шаҳдбор, ҳунарҳои мардумӣ ва имконияти сайёҳии мамлакат шинос шуданд.


Сипас, дар толори бузурги меҳмонхонаи «Шератон»  ҳамоиши ҷашнӣ бо садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия оғоз ёфт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои тарафайн бо Ҷумҳурии Туркия маълумот дода, ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуд. Сафир, аз ҷумла иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик лар тӯли таърихи беш аз ҳазорсола, бебаҳотарин неъмати зиндагӣ, мояи ифтихору сарбаландӣ ва сарчашмаи рушду ободии Ватан мебошад.

«Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши кулливу сарнавиштсоз ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифт»,- афзуд номбурда.

Вазири ҷавонон ва варзиши  Ҷумҳурии Туркия Осман Аскин аз номи Ҳукумати Туркия ҳозирин ва мардуми Тоҷикистонро бо 32- солагии  истиқлол табрику   таҳиният намуда, афзуд, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду давлати дӯст дар ҳама самтҳо рушд ёфта истодаанд. Имсол ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар байни Тоҷикистон ва Туркия 31 сол пур мешавад. Дар тӯли ин солҳо дар муносиботи байни ду мамлакат, хусусан дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сиёсиву амниятӣ натиҷаҳои назарраси мусбат ба даст оварда шуданд. То ба имрӯз байни ду давлат заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Гуфта шуд, ки муносибати хуби Сарони ду давлат баёнгари сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва эътимоди тарафайнро ифода менамояд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ равобит бо Туркия дар ҳама самтҳо, алахсус сиёсат, иқтисод, саноат, тиҷорат, фарҳанг, маориф, амният ва ғайра бо маром рушд намуда, дар оянда низ мусбат арзёбӣ мегардад. Маҷмуан, давоми солҳои 1999-2022 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркия доираи 8,2 млрд доллари ИМА-ро ташкил додааст ва аз ин нишондиҳанда ба беш аз 75% содироти молу маҳсулот ба Ҷумҳурии Туркия рост меояд.

Ба ҷамъомади идона дастагули суруду таронаҳо,  ки саропо васфи Истиқлолу озодӣ буданд, таровати тоза бахшид.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия 9 сентябри соли  2023 бо мақсади арҷ гузоштан ба Истиқлолияти давлатӣ ва таҷлили 32-солагии он Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландтарин бинои шаҳри Анқара- Türkiye Odalar ve Borsalar Birliği-ТOBB (Иттифоқи Палатаҳо ва Биржаҳои молӣ) ва дарозтарин пули шаҳри Истанбул (Boğaz küprüsü) барафрошта  шуд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
Душанбе – Анқара

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2023 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдиро ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рашт 307 иншоот бунёд карда мешавад
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд