Дар Бӯстон корҳои барқарорсозии кӯли шаҳрӣ оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон корҳои барқарорсозии кӯли шаҳрӣ оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мазкур хабар доданд.
Бо мақсади оғози корҳои барқарорсозӣ имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ба кӯли шаҳрӣ рафта, бо мутахассисону кормандон суҳбат анҷом дод ва корҳои барқарорсозӣ шуруъ шуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ ва ба ин восита ҷалб намудани меҳмонону сайёҳон тадбирҳои судмандро амалӣ намуда, раванди корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома дорад. Шаҳри Бӯстон, ки дарвозаи вилояти Суғд маҳсуб шуда, ба он ҳамарӯза меҳмонони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд, бояд ба макони ободу зебо табдил дода шавад.
Ба масъулини Раёсати Хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷиҳати иҷрои сифатноки корҳо ва ҳарчӣ зудтар бо сифати баланд ба иҷро расонидани он дастуру супоришҳо дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои барқарорсозии кӯли мазкур мутахассисони баландихтисос ҷалб мешаванд. Барои рӯйпӯшкунии қабати болоии кӯли шаҳрӣ хоки махсус аз шаҳри Исфара ворид гардида, пас аз анҷоми корҳои таъмиру барқароркунӣ ин мавзеъ ба шукуҳу шаҳомати пештараи хеш баргашта, ба макони истироҳату саёҳати сокинону меҳмонон табдил меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






