Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ҳозиринро бо оғози соли таҳсили 2023-2024 ва Рӯзи дониш муборакбод намуда, гуфт, ки «чун анъана дарси аввали Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад ва он рамзӣ аст, зеро сулҳу оромӣ кафолати рушду нумуи ҷумҳурӣ ва зиндагии осудаи мардум мебошад. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ рушд намудани соҳаи маориф ба суботи мамлакат ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст».
Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш табрик намуда, заҳмати омӯзгорро дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас назаррас хонд.
Таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати мардуми мамлакат ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.


Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр муҳим меистанд, ки иҷрои он, аз як ҷониб бисёр пурзаҳмат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия намуда, ба воя расонем, ки онҳо, пеш аз ҳама, дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбинии фарох, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар гардида, барои рушду ободии ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро ба таври сазовор муаррифию пуштибонӣ намоянд.
Зимнан донишҷӯёнро даъват намуданд, ки аз шароити созгор истифода бурда, барои рушди камолоти хеш ва баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносиашон талош намоянд.
Баъдан дар синфхонаҳо дарси сулҳ оғоз гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






