Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад

Сентябрь 13, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад. Дар он намояндагони зиёда аз 70 донишгоҳ аз Осиёи Марказӣ иштирок намуда, 40 созишнома ба имзо мерасонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки Форуми дуюми ректорони муассисаҳои олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ бори аввал бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза далели равшани он аст, ки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба низоми маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияро дар меҳвари асосии сиёсати худ қарор додаанд.

Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир донишгоҳҳои Тоҷикистон бо беш аз 200 муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ қарордодҳои ҳамкорӣ имзо намудаанд.

Мақсади асосии созишномаҳои ҳамкорӣ- иштирок ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, ташкили ҳаракати академии донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон, омода намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир, баланд бардоштани тахассус ва маҳорати касбии онҳо ва омода намудани кадрҳои илмӣ мебошад.

Зимни Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баимзорасии беш аз 40 созишнома дар назар аст, ки имзои онҳо ба беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур дар доираи нишасти панҷуми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ давоми ду рӯз идома ёфта, 14 сентябр ҷамъбаст мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд